ҚАЛЛОБОН БА ДАСТ АФТИДАНД
Душанбе, 10 апрел. (АМИТ «Ховар», Анварбек Сиддиқов).- Сокини ноҳияи Бохтар Фахриддин Чориев ва сокини шаҳри Қӯрғонтеппа М. Тӯраев ба ҳайси хизматчӣ, ки шахси мансабдор ба ҳисоб мераванд, дар ҶДММ «СОДОТ ТРАНСТУР»-и шаҳри Қӯрғонтеппа иҷрои вазифа намуда, бо истифода аз ваколати хизматии худ, дар давоми фаъолияти кориашон аз январи соли 2008 то январи 2009 маблағи 76009 сомонӣ чиптаҳои фурӯхташударо ба тариқи пинҳонӣ ва дар ҳисобот сари вақт нишон надода аз худ намуданд. Онҳо ба ин амалашон ба ҶДММ «СОДОТ ТРАНСТУР» зарари махсусан калон расониданд. Тавре аз Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, нисбат ба номбурдаҳо бо моддаи 245 Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шуда, айни замон тафтишот идома дорад.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






