ҚАРЗҲОИ БОНКӢ ТАВАССУТИ СУДУ ПРОКУРАТУРА БАРГАРДОНИДА МЕШАВАНД

Апрель 8, 2009 13:49

                Душанбе, 8 апрел.(АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои муовини директори филиали «Тоҷиксодиротбонк»-и шахри Кӯлоб Сайфулло Абдулваҳобов, соли 2008 хоҷагиҳои пахтакори ноҳияи Кӯлоб аз ин филиал барои рушди кишоварзӣ ба андозаи 3,5 миллион сомонӣ маблағ қарз гирифтанд. То имрӯз ба филиали бонки мазкур ҳамагӣ 30 фоизи он баргардонида шудааст.               Аз ин филиал соли 2008 хоҷагиҳои дехқонии «Давлат Раҳмон» ва «Неъмат» 450 ҳазор сомонӣ қарзи гирифтаашонро барнагардониданд. Бо гузашти се моҳ аз мӯҳлати муайяншуда филиали «Тоҷиксодиротбонк» муштариёнашро ба прокуратура кашид. Қазия мавриди санҷиш қарор дорад. Аллакай ғайримақсаднок истифода шудани маблағ исботи худро ёфтааст. Дигар тарафҳои сабаби напардохтани қарз мавриди санҷиш қарор дорад.

Апрель 8, 2009 13:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид