ҚАРЗДОРОН БЕХАБАРАНД, КИ ҚАРЗ ДОРАНД

Апрель 22, 2009 07:56

               Душанбе, 22 апрел. (АМИТ«Ховар», Анварбек Сиддиқов).- Анвар Абдулазизов мудири шӯъбаи бозрасии давлатии «Амонатбонк»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, бо сӯиистифода аз мансаб, бо маслиҳати пешакӣ бо шахсони масъули ҳамин бонк дар 4-лаҳза аз номи шаҳрвандон Ю. Юсупов 30000 сомонӣ, М.Г. Собирова 10000 сомонӣ, А. Умадқулов 30000 сомонӣ, С. Уматқулов 10000 сомонӣ, ҷамъ ба маблағи 80000 сомонӣ гуё ба онҳо қарз дода бошад, бо роҳи қалбакӣ шартнома тартиб дода ва аз номи онҳо имзо гузоштааст. Номбурдагон бошанд, то инҷониб аз мавҷуд будани чунин шартномаи қарзӣ хабар надоранд. Бо ин амал мудири бахши қарздиҳии ҳамин шӯъба У. З. Нурулоев ва соҳибкори инфиродӣ Мақсад Уматқулов низ шарик мебошанд.                Тавре аз Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, нисбати онҳо аз тарафи шӯъбаи тафтишотии Раёсати Агентӣ дар вилояти Суғд бо моддаҳои 246 қисми 2, 265 ва 323-и Кодекси Ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз карда, тафтишот идома дорад.

Апрель 22, 2009 07:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид