ҚАРЗИ КАЛОНИ ХАЗИНАИ БАЙНАЛХАЛҚИИ АСЪОР БА ТОҶИКИСТОН
Душанбе, 23 апрел. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Шӯрои иҷроияи Хазинаи байналхалқии асъор 21 апрел қарори додани қарзро ба Тоҷикистон ба маблағи 116 миллион доллари ИМА маъқул донист. Ин қарз ба Тоҷикистон ба мӯҳлати се сол дода мешавад. Дар навбати аввал аз маблағи қарз 38,7 миллион доллари он пардохта хоҳад шуд. Аз дафтари матбуоти Бонки миллии ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки маблағи қарзи мазкур асосан барои пур кардани захираи асъори Бонки миллӣ истифода карда мешавад. Раиси Бонки миллӣ Шариф Раҳимзода изҳор намуд, ки Хазинаи байналхалқии асъор ба созмонҳои дигари байналхалқии молиявӣ пешниҳод кардааст, ки ба Тоҷикистон барои бартараф сохтани оқибатҳои бӯҳрони молиявӣ 200 миллион доллари ИМА қарз диҳанд.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






