ҚАЗОҚҲО ДАР ДУШАНБЕ ГИРДИҲАМ ОМАДАНД
Душанбе, 20 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-20 апрел дар шаҳри Душанбе нахустин Қурултойи хурди /Анҷуман/ қазоқҳои сокини кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистону Эрон баргузор шуд. Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Абӯталиб Ахметов ва муовини аввали раиси Анҷумани қазоқҳои ҷаҳон Талғат Мамашев иштирокдорони Анҷуманро шодбош гуфта, паёми табрикии Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоевро расониданд. Талғат Мамашев гуфт, ки Ҳукумат ва роҳбарияти Қазоқистон баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ ҷиҳати ҳифзи анъанаҳои миллӣ ва манфиату озодиҳои қазоқҳои бурунмарзӣ тадбирҳои судманд меандешад. Яке аз онҳо Барномаи ҳукуматии «Оралман» (бозгашт ба ватан)аст, ки тибқи он беш аз 1 миллион қазоқҳо аз кишварҳои Муғулистон ва Чин ба ватан баргаштанд. Алҳол берун аз Қазоқистон 5 миллион қазоқ умр ба сар мебарад, ки иддае аз онҳо дар мавриди омӯзиши забони қазоқӣ ба мушкилот рӯ ба рӯ ҳастанд. Талғат Мамашев афзуд, ки қаблан дар Ӯзбекистон 600 мактаби забони қазоқӣ фаъолият мекард, алҳол шумораи онҳо ба 300 адад мерасад. Чунин ҳолат дар Қиргизистон низ ба назар мерасад. Дар қурултой намояндагону роҳбарони ҷамъиятҳои қазоқҳои сокини Афғонистон Абдулзоҳир Абдулқаюм, Эрон Махмуд Ҷаманӣ, раиси созмони дӯстии «Тоҷикистон — Қазоқистон» Абдусаттор Нуралиев, намояндагони ҷамъиятҳои «Отан» /Қиргизистон/ Б. Ермекбаев, «Бойтерек» /Тоҷикистон/ З. Саминова ва дигарон доир ба таъмини ваҳдату якпорчагӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, хусусан забони қазоқӣ, фарҳанг ва масъалаи бозгашти қазоқҳое, ки дар минтақаҳои ноороми ҷаҳон, хусусан Афғонистон умр ба сар мебаранд, баррасӣ шуд. Мавриди зикр аст, ки дар Тоҷикистон ҳудуди 2 ҳазор қазоқҳо кору зиндагӣ намуда, дар пешрафту шукуфоии Тоҷикистон саҳми муносиб мегузоранд. Қурултой бо ибтикори Сафорати Қазоқистон дар Душанбе ва чамъияти қазоқҳои Тоҷикистон «Бойтерек» баргузор шуд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






