ҚАЗОҚҲОИ СОКИНИ АФҒОНИСТОН МЕХОҲАНД БА ВАТАНИ АҶДОДӢ БАРГА
Душанбе, 22 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Масъалаи бозгашти қазоқҳои кишварҳои бурунмарзӣ ба Қазоқистон яке аз масъалаҳои умдаи нахустин Анҷумани /Қурултой/ хурди қазоқҳои сокини кишварҳои Осиёи Марказӣ, Афғонистон ва Эрон буд, ки дар Душанбе анҷом ёфт. Дар сӯҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» сарвари ҷамъяити қазоқҳои Афғонистон Абдулзоҳир Абдулқаюм гуфт, дар Афғонистон ҳудуди сад хонаводаи қазоқ зиндагӣ мекунад, ки бо амри тақдир дар солҳои 20-30- қарни гузашта, ба ин кишвар ҳиҷрат намудаанд. Онҳо асосан дар шаҳрҳои Мазори Шариф, Бағлон ва Имомсоҳиби музофоти Балху Самангон ва Қундуз зиндагӣ менамоянд. Абдулзоҳир Абдулқаюм мегӯяд, ки новобаста ба мушкилот қазоқҳои сокини Афғонистон забон ва дигар арзишу анъанаҳои миллии худро ҳифз менамоянд. Мо дар муҳити хонаводагӣ бо забони модарӣ гуфтугӯ менамоем, мегӯяд А. Абдулқаюм. Мавсуф афзуд вобаста ба ноором будани авзо дар Афғонистон қазоқҳои ин кишвар хостори бозгашт ба ватани аҷдодии худ — Қазоқистон ҳастанд. Ин пешниҳодро муовини аввали раиси Анҷумани байналмилалии қазоқҳои ҷаҳон Талғат Мамашев ҷонибдорӣ намуд.








Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад






