ҲАҚДОР ҲАҚ МЕХОҲАД, ҚОНУНДОН-ЧӢ?

Апрель 18, 2009 11:23

                  Душанбе, 18 апрел. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Кӣ мегӯяд, ки дар дохили кишвар сохтмончиёнро фиреб намедиҳанд?Иддаои мо аз гуфтаҳои боло он аст, ки ҶММ «Сохтмон-З» бо роҳбарии раиси он Х. Зоиров ва Раёсати сохтмони асосии шаҳри Душанбе бо сардории Х. Шарифов аз 30-юми январи соли 2003, ки дар асоси тендер муносибатҳои шартномавӣ доранд, барои корҳои сохтмонӣ ба маблағи 1 миллиону 115 ҳазору 200 сомонӣ шартнома ба имзо расониданд. Барои корҳои иҷрошуда, ки 824 ҳазор сомониро ташкил додааст, Раёсати сохтмони асосии шаҳри Душанбе ба ҶММ «Сохтмон-З» ҳамагӣ 434 ҳазор сомонӣ пардохт кардааст. ҶММ «Сохтмон -З» ба прокуратураи шаҳри Душанбе дар бораи напардохтани ҳаққи корҳои иҷрошуда шикоят мебарад. Прокуратураи шаҳри Душанбе дар асоси омӯзиши ҳамаи ваҷҳҳои аризаи шикоятӣ ба Суди иқтисодии шаҳри Душанбе дар бораи баргардонидани маблағи 430 ҳазору 932 сомонӣ аризаи даъвогӣ пешниҳод кард.                  Суди иқтисодӣ баъди омӯзиши аризаи даъвогӣ аз 5-уми августи соли 2005 «Мувофиқаи созиш»-и тарафайнро бо таъиноташ тасдиқ кард, ки дар асоси он раёсати сохтмони асосии шаҳри Душанбе ӯҳдадор шуд, ки қарзро ба маблағи 398 ҳазору 665 соионӣ то нимсолаи соли 2006 ба ҶММ «Сохтмон-З» пардохт хоҳад кард, аммо мутаассифона ӯҳдадориашро иҷро накард ва таиноти суд ноиҷро монд.                  Аз ин миён 6 сол сипарӣ шуда бошад ҳам, ҶММ «Сохтмон-З» ҳаққи иҷрои кори сохтмончиёнро аз Раёсати сохтмони асосии шаҳри Душанбе рӯёнида наметавонад.                  Пас, вақте ки коргари оддӣ дар ҷои истиқоматаш ба ҳаққи худ соҳиб шуда наметавонад, дар хориҷи кишвар ба доди ӯ кӣ мерасад?

Апрель 18, 2009 11:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад