ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТ ЗИЁД КАРДА МЕШАВАД

Апрель 8, 2009 15:49

                Душанбе, 8 апрел. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — Ҷамъияти саҳҳомии «Иттиҳодияи истеҳсолии Тоҷиктекстил» ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотиро сол то сол зиёд менамояд. Ба қарибӣ дар фабрикаи дуюми калобаресии иттиҳодия бо маблағи корхонаи «Русский алянс» — и шаҳри Твери Русия корхонаи муштарак бунёд карда шуд. Аз раёсати саноати сабуки вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки дар корхонаи нав таҷҳизоти зарурӣ насб карда, тадриҷан ба кор дароварда мешавад.               Мутахассисони шаҳри Твер ба ҳамкасбони тоҷиконашон роҳу усулҳои истифодаи дастгоҳҳо ва технологияи навро меомӯзанд. Дар корхона дар давоми сол 4 ҳазор тонна нахи пахта истеҳсол карда мешавад. Маҳсулоти корхона ба вилояти Твер фиристода хоҳад шуд.

Апрель 8, 2009 15:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид