ҲАҶМИ ММД РӮ БА АФЗОИШ АСТ
Душанбе, 10 апрел. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Вазъи иқтисодиёти кишвар дар семоҳаи аввали соли 2009 бо афзоиши мӯътадили истеҳсолот ва пешниҳоди молу маҳсулоти ватанӣ тавсиф ёфтааст. Тибқи маълумоти фаврӣ ҳаҷми Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ (ММД) дар семоҳаи аввали соли равон 3 312,5 миллион сомониро ташкил дода, рушди воқеии он бо нархҳои муқоисавӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,5 фоиз афзуд. Аз маркази матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки рушди иқтисодиёт дар ин давра бештар аз ҳисоби афзудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,7 фоиз ва хизматрасонӣ 4,5 фоиз ҷараён гирифта, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бошад, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8,2 фоиз коҳиш ёфт. Мавриди зикр аст, ки сатҳи таваррум дар семоҳаи аввали соли равон 1,2 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,4 банди фоизӣ паст гардид. Нишондиҳандаи таваррум дар ин давра аз ҳисоби тағйирёбии нархи маҳсулоти озуқа 0,6 фоиз, маводи ғайриозуқа 0,4 фоиз ва хизматрасонии пулӣ 5,6 фоизро ташкил дод.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Рустами Эмомалӣ аз ҷойҳои таърихию муқаддаси шаҳри бостонии Бухоро боздид намуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон ҳамоиши идона доир шуд






