«ҲАФТАИ ГИРОМИДОШТ» БАХШИДА БА 64-СОЛАГИИ ҒАЛАБА ДАР ҶБВ

Апрель 28, 2009 14:24

               Душанбе, 28 апрел. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров).- Дар асоси нақшаи чорабиниҳои Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 64-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ солҳои 1941-1945 аз 26 то 5 майи соли ҷорӣ «Ҳафтаи гиромидошт» эълон намудааст.                Тавре дар Кумитаи мазкур ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар доираи ин ҳафта силсилаи чорабиниҳои оммавию фарҳангӣ, тарғиботию-ташвиқотӣ миёни ҷавонон баргузор хоҳанд шуд.                Инчунин барои дар сатҳи зарурӣ таҷлил намудани 65-солагии Ғалаба дар ҶБВ Раёсати Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ сохторҳои маҳаллии худро вазифадор намудаанд.

Апрель 28, 2009 14:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид