«ҲАФТКӮЛ» МАВЗЕИ ИСТИРОҲАТӢ МЕШАВАД
Душанбе, 2 апрел. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Бо мақсади ташкили муҳити созгори ҷалби сармояи хориҷӣ ба инфраструктураи туризм, мусоидат барои ифтитоҳи намояндагии ширкатҳои туристии хориҷӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди ин соҳа раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода «Дар бораи барномаи рушди туризм дар вилояти Суғд барои соли 2009» қарори махсусро ба тасвиб расонид. Тибқи қарори мазкур, дар назар аст, ки соли ҷорӣ бо мақсади татбиқи барномаи давлатии рушди туризм дар вилояти Суғд барои соли 2009 дар соҳили «Баҳри тоҷик»-и шаҳри Қайроққум як қаҳвахона ва дар мавзеи «Ҳафткўл»-и шаҳри Панҷакет як бинои истироҳатӣ бунёд гардад.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






