ҲАМКОРИҲО МИЁНИ ДУ БАДАХШОН

Апрель 10, 2009 15:48

               Бадахшон, 10 апрел. (АМИТ «Ховар», Лутфишо Додо). — Ҳамкории иқтисодию фарҳангии сокинони вилоятии Бадахшони Тоҷикистону Бадахшони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон пайваста инкишоф меёбанд. Дар намоиши фурӯши ниҳолҳои дарахтони босамар ҳафтаи ҷорӣ, ки бо ширкати кормандони Пажӯҳишгоҳи биологии Помир, Раёсати кишоварзӣ, хоҷагии ҷангалу хоҷагии оби вилоят рӯи кор омад, беш аз 10 ҳазор ниҳоли себу нок, чормағзу зардолу, гелос зиёда 11 тонна тухмии кортошка ба сокинони Бадахшони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон пешниҳод гардид. Тавре аз Пажӯҳишгоҳи биологии Помир хабар доданд, солҳои 2007-2008 олимони ин муассисаи илмӣ дар рушди боғдорию картошкакорӣ, ки барои ин минтақа соҳаи нав мебошад, бо картошкапарварони Бадахшони Афғонистон семинарҳо доир намуданд.

Апрель 10, 2009 15:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид