ҲАМКОРИҲОИ ҶТ БО МЕКСИКА ТАҲКИМ МЕЁБАНД

Апрель 23, 2009 13:54

                Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Сафири нави фавқулодда ва мухтори Мексика дар Тоҷикистон Артуро Эрнандес эътимоднома қабул намуд.               Дар сӯҳбати онҳо, ки баъди супурдани эътимоднома сурат гирифт, масоили ҳамкории ду кишвар баррасӣ шуд.               Таъкид гардид, ки муносибатҳои Тоҷикистону Мексика бештар дар доираи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои байналмилалӣ дар шакли мубодилоти сиёсӣ сурат мегиранд.               Аз ҷумла зикр карда шуд, ки Тоҷикистону Мексика аз ташаббускорони фаъоли ҳаллу фасли масоили вобаста ба об дар ҷаҳон мебошанд.               Ҷонибҳо ба қарор омаданд, ки муносибатҳои дуҷониба низ ба роҳ монанд. Ҳамкорӣ дар соҳаҳои гидроэнергетика ва саноати сабук, кимиё ва кӯҳӣ аз самтҳои фоидаовар барои ҳарду кишвар маънидод гардид.Артуро Эрнандес таъкид дошт, ки таҷрибаи Тоҷикистон дар бунёди нерӯгоҳҳои обӣ барои Мексика бисёр ҷолиб аст.               Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуд, ки Тоҷикистон барои густариш додани муносибатҳои дуҷониба омодааст, ба сафорати дар Амрико доштаи худ ваколати кор бо Мексикаро низ диҳад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Апрель 23, 2009 13:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар