ҲАМКОРИҲОИ СОҲАВӢ БО ТАШКИЛОТҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Апрель 17, 2009 15:03

                 Душанбе, 17 апрел. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар нишасти матбуотие, ки дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ баргузор гардид, раиси кумитаи мазкур Хурсандмурод Зикиров дар бораи фаъолияти семоҳаи кормандони соҳа маълумот дод. Мавсуф иброз дошт, ки ҷидду ҷаҳди Кумита оид ба таҳкими муносибатҳои бештар судманд бо ташкилотҳои сиёсӣ ва экологии байналмиллалӣ рӯз аз рӯз вусъати тоза пайдо карда, сиёсати пеш гирифтаи Ҳукумати ҷумҳурӣ дар бахши ҳалли масъалаҳои экологӣ дар сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва глобалӣ ҳаллу фасл мегарданд. Ҳамчунин низоми татбиқи лоиҳаҳои грантӣ дар ҷумҳурӣ ва ҷалби сармоягузорони хориҷӣ таъмин карда мешавад.                Вохӯриҳои роҳбарияти Кумита бо намояндагони ташкилоти Созмони Миллали Муттаҳид, Комиссияи иқтисодии Аврупо дар Тоҷикистон, ОБСЕ, Бонки Умумиҷаҳонӣ, Бонки Рушди Осиё, корпусҳои дипломатии Ҷопон, Ҷумҳурии Мардумии Чин ва мубодилаи таҷриба бо якқатор давлатҳои Осиёю Аврупо ба таҳкими ҳамкориҳои соҳавӣ мусоидат намуд.                Кумита сиёсати назорати давлатиро тибқи санадҳои ҳуқуқии амалкунанда ҳамоҳанг сохта, дар ин давра 2983 рейдҳои соҳавӣ ва фаврӣ доир намуда, нисбати қонунвайронкунандагон 5488 супоришҳои иҷрояшон ҳатмӣ дод, ки 3519 адади онҳо иҷро гардидааст.                Кумита дар ҳамкорӣ бо коршиносони ЮНЕСКО ҳуҷҷатҳои лозимаро оид ба рӯйхати Мероси Умумиҷаҳонии табиати Ёбоӣ ворид намудани Парки Миллии Тоҷикистон тартиб дода, ба созмони мазкур пешниҳод намуданд.                Кумита дар давоми семоҳаи авали соли 2009 аз иҷрои ҳамаи вазифаҳои ба зима доштааш баромада тавонист.

Апрель 17, 2009 15:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Варзоб Конфренсияи илмӣ-амалии «Ваҳдати миллӣ – шукуфоии Ватан мебошад» баргузор шуд
Дар дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш баргузор гардид
Суратгузориш аз ҷараёни баргузории Намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзии вилояти Хатлон дар Қазоқистон
Дар Вазорати энергетика ва захираҳои об қабули Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳро дастоварди навбатии Тоҷикистон арзёбӣ намуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОГОҲӢ! Аз 27 то 30 июн дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани селҳои хусусияти маҳаллидошта пешгӯӣ мешавад
Дар КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва қабули ташаббуси нави ҷаҳонии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Дар Рашт дар мавзуи «Ваҳдати миллӣ – асоси таҳкими давлатдории тоҷикон» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Бохтар бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ баргузор гардид
Дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 2-и шаҳри Норак бинои иловагӣ сохта мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад