ҲИСОБКУНАКҲОИ НАВИ БАРҚ БА ТОҶИКИСТОН ВОРИД КАРДА ШУДАНД
Душанбе, 6 апрел. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — Рӯзҳои охир 160 ҳазор асбоби нави андозагири қувваи барқи сохти Чин ба Тоҷикистон ворид карда шуд. Ҳоло онҳо дар озмоишгоҳҳои агентии «Тоҷикстандарт» озмуда мешаванд. Асбобҳои нави андозагири қувваи барқ бо маблағи кӯмаки ҳукумати Швейтсария харида шуданд. Хабар дода шуд, ки 687 асбоби андозагири қувваи барқ дар озмоишгоҳҳои Ҷамъияти саҳҳомии «Барқи тоҷик» аз санҷиш гузаронида шуд. Асбобҳои нав якфазагӣ ва сефазагӣ мебошанд. Мутахассисони «Тоҷикстандарт» изҳор намуданд, ки онҳо ба тамоми талаботи меъёрҳои байналхалқӣ мувофиқ мебошанд. Асбобҳои мазкур дар хонаҳои мардум бепул насб карда хоҳанд шуд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






