ҲОЛАТҲОИ ҚОНУНВАЙРОНКУНӢ ОШКОР ШУДАНД

Апрель 16, 2009 09:00

                Душанбе, 16 апрел. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловрзод).- Дар Агентии заминсозӣ, геодезӣ ва харитасозии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ барои хабарнигорони дохили кишвар нишасти матбуотӣ доир карда шуд.                Директории Агентӣ Маҳмадтоир Зокиров бе муқаддима ва суханони умумӣ ба фаъолияти семоҳаи аввали соли 2009-и агентии мазкур ва идораҳои зертобеи он баҳо дод. М.Зокиров иброз дошт, ки фаъолияти семоҳаи Агентӣ дар доираи эродҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷлиси ҷамъбастии Ҳукумати ҷумҳурӣ аз 15-уми январи соли 2009 ва иҷрои Фармони Президент аз 27-уми июли соли 2000-ум «Дар бораи ҳифз ва самараноку оқилона истифода намудани заминҳои корами обӣ» ва дигар қарорҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ ба роҳ монда шудааст.                Дар бахши риояи қонунгузории замин, кумитаҳои заминсозии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо 2286 ҳолатҳои вайронкунии қонунгузории заминро ошкор намуда, нисбати 779 ҳолат чораҳои маъмурӣ андешида шуд. 119 мавод ба мақомоти прокуратура ва 154 мавод ба мақомоти судӣ ирсол карда шуд. Агентӣ 1424 ҳолатҳои вайронкунии қонунгузории заминро бартараф намуд.               Дар ин давра аз ҷониби мутахассисони Агентӣ монторинги заминҳои фонди захиравии дар вақти таҷдиди хоҷагиҳо барои инфраструктураи деҳот ҷудо гардида ва ҳолати истифодаи онҳо дар ноҳияҳои Ёвон, Ҷалолиддини Румӣ, Бохтар ва шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон гузаронида шуд.               Яке аз самтҳои асосии фаъолияти Агентӣ делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои ҳамсарҳад арзёбӣ гардид. Оид ба ин масъала намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Чин вохӯриҳо гузарониданд, вале ҳалли пурраи ин масъала дар сатҳи роҳбарони якуми давлатҳои ҳамсарҳад, коршиносон , мутахассисон ва қонунҳои байналмилалӣ вобаста аст, ки корҳо дар ин самт идома дода мешаванд.

Апрель 16, 2009 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар