ҲОМИЁНИ СУЛҲИ ТОҶИКИСТОН САЗОВОРИ МЕДАЛҲОИ СММ ГАРДИДАНД
Душанбе, 14 апрел. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). — Дар вилояти Дарфури Судон маросими мукофотонидани гурӯҳи калони ҳомиёни сулҳ бо медалҳои «Барои хизмат дар истиқрори сулҳ» баргузор гардид. Медали мазкурро Шӯрои амнияти СММ соли 1966 таъсис дода буд. Онҳое сазовори медали мазкур мегарданд, ки дар амалиёти ҳифзи сулҳи СММ фаъолона ширкат варзидаанд. Хабар дода мешавад, ки 5 нафар намояндаи вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ҳам сазовори медалҳои СММ гардиданд. Онҳо айни ҳол дар вилояти Дарфури кишвари Судон хизмат мекунанд. Кормандони ВКД Тоҷикистон Далер Раҳматов, Тоҳир Нуров, Татяна Тихонина, Татяна Маркина ва Барзу Афсаҳов сазовори медалҳои СММ гардиданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






