ҲУҶҶАТҲОИ ҲУҚУҚӢ ОМОДА МЕГАРДАНД
Душанбе, 29 апрел. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳалли масъалаи аломатгузории (делимитация) сарҳади давлатӣ бо давлатҳои ҳамсоя ба шитобкорӣ роҳ доданӣ нест,- изҳор намуд ҷонишини вазири корҳои хориҷӣ Абдулло Юлдошев. Ҷумҳурии Тоҷикитон вобаста ба ҳалли ин қазия гуфтушунидро бо давлатҳои ҳамсоя давом медиҳад, афзуд ӯ дар сӯҳбат бо хабарнигорон. Бино ба гуфти А. Юлдошев, тайёрии дуҷониба оид ба ҳалли масъалаи мазкур миёни ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Қирғизистон вуҷуд дорад. Ҳуҷҷатҳои зарурӣ омода карда шудааст. Масофаи сарҳад миёни Тоҷикистону Ҷумҳурии Қирғизистон 1050 километрро ташкил медиҳад. Дар масофаи 661 км-и он ҷараёни аломатгузорӣ ва ҷудо кардани сарҳад (делимитация) ба охир расидааст.Алҳол комиссияи муштарак баҳри омода кардани ҳуҷҷатҳои ҳуқукмуайянкунанда созмон дода шудааст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






