ҲУҶҶАТИ ПУРҚИММАТ

Апрель 25, 2009 11:26

               Бадахшон, 25 апрел. (АМИТ «Ховар», Лутфишо Додо).- Бошандагони ВМКБ Паёми Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурӣ чун барномаи мушаххаси рушди минбаъдаи иқтисодиёту иҷтимоиёт ва рафъи камбудиҳои кулли соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар арзёбӣ намуданд.                Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ ҳуҷҷатест, ки дар он фаъолияти сохторҳои Ҳукумат дар ҳаллу фасли масоили иқтисодию иҷтимоӣ ҳаматарафа таҳлил ёфта, вазоифи минбаъдаи ҳар як соҳа муайян карда шудааст, гуфт дар сӯҳбат ба хабарнигорамон директори мактаби рақами 10-и ноҳияи Роштқалъа Н. Сангмамадов. Ман баромади Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмонро тавассути телевизион гӯш кардам ва бори дигар боварӣ ҳосил намудам, ки Президенти кишвар то чӣ андоза ба соҳаи маориф, беҳтар намудани рӯзгори омӯзгорон, мустаҳкам намудани базаи таълимии макотиб таваҷҷӯҳи бузург дорад. Инро мо дар мисоли рушди маориф дар кӯҳистони Бадахшон баръало мушоҳида мекунем. Аз васоити ахбор дарёфтам, ки соли ҷорӣ хароҷотҳо барои соҳаи маорифи вилоят дар ҳаҷми беш аз 40 миллиону 453 ҳазор сомонӣ пешбинӣ карда шудааст, ки дар ҳаҷми қиёсии буҷаи вилоят 49 дар садро ташкил медиҳад, ё худ нисбат ба соли гузашта 15 миллиону 765 ҳазор сомонӣ бештар аст. Албатта чунин ҷаҳиши бузург танҳо ба хотири равнақи соҳаи маориф, беҳтар намудани сифати таълиму тарбия, тайёр намудани кадрҳои болаёқат барои ҷомеа мебошад. Баланд бардоштани маоши омӯзгорон боз як зуҳуроти нави ғамхории роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурӣ дар рушди минбаъдаи соҳаи маориф мебошад.   

Апрель 25, 2009 11:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид