Ҳ. ЗАРИФӢ БА МУНОСИБАТҲОИ ТОҶИКИСТОНУ РУСИЯ БАҲОИ МУСБАТ ДОД
Душанбе, 30 апрел. (АМИТ «Ховар», Наргис Бойахмедова).- Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ имрӯз бо сафири нави фавқулъодда ва мухтори федератсияи Русия дар Тоҷикистон Юрий Попов мулоқот кард. Сафири Русия ба вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон нусхаи эътимодномаи худро супорид. Баъдан Ҳамрохон Зарифӣ зимни сӯҳбат ба фаъолияти сафири пешинаи Русия дар Тоҷикистон Рамазон Абдулатипов баҳои баланд дод, ки ба вусъат ёфтан ва мустаҳкам гардидани муносибатҳои ҳар ду мамлакат мусоидат намудааст. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки Ҳ. Зарифӣ ба вазъи имрӯзаи муносибатҳои Тоҷикистону Русия баҳои мусбат дода, нақшаҳои минбаъдаи ҳамкории ҳар ду кишварро дар соҳаҳои муҳимтарини иқтисодиёт, аз ҷумла гидроэнергетика, тиҷорату иқтисод, фарҳанг ва ғайра тарҳрезӣ намуд. Дар ҷараёни сӯҳбат проблемаҳои дар муносибатҳои ҳар ду мамлакат вуҷуддошта баррасӣ намуда, барои ҳалли онҳо тавсиаҳо дода шуданд. Аз ҷумла, масъалаҳои марбут ба анҷоми сохтмони НБО «Сангтӯда-1», тезонидани суръати ҳалли масъалаҳои ҷустуҷӯ ва кашф намудани манбаъҳои газ дар Тоҷикистон, иштироки минбаъдаи Русия дар ҳалли масъалаҳои истифодаи захираҳои обу энергетикаи Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Сафир вазири корҳои хориҷии Тоҷикистонро дилпур сохт, ки барои равнақу ривоҷи минбаъдаи муносибатҳо ва ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Русия тамоми таҷрибаю дониши худро истифода хоҳад кард. Тарҷумон Қудратов А.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






