ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ СЕМОҲА

Апрель 17, 2009 11:24

                  Душанбе, 17 апрел. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — Дирӯз дар Раёсати умумии назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва кӯҳкории назди Ҳукумати ҷумҳурӣ бахшида ба натиҷаҳои фаъолияти он дар давоми се моҳи аввали соли равон нишасти матбуотӣ баргузор гардид.  Муовини аввали сардори раёсат Сиҷоуддин Мирзоев зикр кард, ки ба зиммаи он дар ин муддат вазифаҳои иловагӣ гузошта шуданд. Ин вазифаҳо таҳияи Феҳрасти давлатии корхонаҳои истеҳсолии корашон хавфнок ва таҳияи Феҳрасти давлатии моддаҳои тарканда мебошад.  Феҳрастҳои мазкур мувофиқи талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини бехатарии кор дар корхонаҳои истеҳсолӣ» ва «Дар бораи доду гирифти маводи таркандаи таъиноти мулкӣ» тартиб дода мешаванд. Айни ҳол раёсати мазкур фаъолияти 1498 корхонаю муассисаро назорат мекунад.                 Мутахассисони он дар давоми се моҳи гузашта фаъолияти 232 корхонаю муассисаро тафтиш карда, аз ин ҷумла, ба 12 корхона барои боздоштани корҳо огоҳинома доданд. Дар ин муддат 1182 ҳодисаи риоя накардани қоидаю тартибот, меъёрҳои мавҷуда ва дастурамалҳои таъмини бехатарии корҳо ошкор карда шуд. Дар натиҷа 11 шахси мансабдор ба ҷавобгарӣ кашида, ба шаш шахси мансабдор ба маблағи калон ҷарима андохта шуд. Дар корхонаю муассисаҳо дар масъалаи таъмини бехатарии корҳо 32 машварат гузаронида, барои истифодаи захираҳои табиӣ 42 иҷозатнома дода шуд.  

Апрель 17, 2009 11:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд