ҶАСАД ДАР ТАГИ ТАРМА
Душанбе, 22 апрели. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). — Рӯзи 19 апрели соли ҷорӣ, соати 16 дар ағбаи Шаҳристон, дар километри 190 шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд аз рӯи маълумотҳои пешакӣ, тахминан 3-4 автомашинаи гуногунтамға зери тарма мондаанд. Тавре аз дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании ҶТ Дустмурод Забиров иттилоъ дод, дастаи зудамали наҷотдиҳандагони Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Суғд зуд ба ҷои ҳодиса ҳозир шуда, ба корҳои ҷустуҷӯӣ-наҷотдиҳӣ cap кард. Дар натиҷа аз зери барф, аз дохили автомашинаи тамғаи «Тoyоtа» RAV-4, ҷасади шаҳрванд Ғаффоров Ориф Раҷабович, соли таваллудаш 1965, сокини деҳаи Шӯрчаи ҷамоати деҳоти Халифа Ҳасани ноҳияи Панҷакент дарёфт карда шуд. Корҳои ҷустуҷӯӣ идома доранд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






