ҶАШНВОРАИ НАХУСТИНИ ҶАЗ ДАР ДУШАНБЕ БАРГУЗОР МЕГАРДАД
Душанбе, 22 апрел. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова). — Дар шаҳри Душанбе аз 30 апрел то 3 май ҷашнвораи нахустини санъати ҷаз баргузор мегардад. Дар он ҳунарпешагони Озарбойҷон, Қирғизистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ширкат меварзанд. Хабар дода мешавад, ки дар ин ҷашнвора дастаҳои ҳунарии «Мизроб» аз Тоҷикистон, «Гурӯҳи рақсии ҷаз» аз Озарбойҷон, «Солённые орешки» аз Қирғизистон, «Арвона» аз Туркманистон ва «Арсхон» аз Ӯзбекистон иштирок хоҳанд кард.Барномаи ҷашнвора намоиши се консерти умумиро дар Театри давлатии драммавии ба номи В.Маяковский ва Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т.Сатторов дар бар мегирад. Дар рӯзҳои ҷашнвора барои ҳаводорони санъати ҷаз мулоқоту лексияҳо ва машғулиятҳои назариявӣ гузаронида мешаванд.Ташкилкунандагони ҷашнвора ният доранд, ки минбаъд онро ҳар сол баргузор созанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






