ҶИЛДИ 8-УМИ КИТОБИ ПРЕЗИДЕНТИ КИШВАР БО СЕ ЗАБОН АЗ ЧОП БАРОМАД

Апрель 3, 2009 14:30

               Душанбе, 3 апрел.(АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонкулова).- Ҷамъияти саҳҳомии шакли кушоди "Матбуот"-и Вазорати фарҳанги ҶТ ҷилди 8-уми китоби Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмонро бо номи "Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат" бо теъдоди 2000 нусха аз чоп баровард.                 Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» дар Вазорати фарҳанг хабар доданд, китоби мазкур бо забонҳои форсӣ ва англисӣ низ ба табъ расид. Дар он баромадҳои Сарвари давлат дар конфронсҳои байналмилалӣ ва суханрониҳои ӯ бахшида ба ҷашнҳои анъанавии кишвар гирд оварда шудаанд.                Ҳамчунин, нашриёти «Матбуот» бо теъдоди 1000 нусха маҷмӯаи мақолаҳои Академияи илмҳои педагогии Вазорати маорифи ҶТ бо номи "Анталогия педагогической мысли таджикского народа" ба табъ расонид. Дар китоб намунаи эҷодиёти маорифпарварон тоҷик аз давраҳои қадим то Инқилоби октябр ҷамъ оварда шудааст. Китоби мазкур барои мутахассисони соҳаи педагогика ва кормандони соҳаи маориф ва фарҳанг тавсия карда мешавад.                 Нашриёти номбурда ояндаи наздик боз панҷ китоби дигар, аз ҷумла "Операи Рустам ва Сӯҳроб"-и Т. Сатторов, "Операи Шерак"-и С. Ҳамроев, "Операи Коваи оҳангар" ва "Операи шӯриши Восеъ"-и С. Баласанян ва рубоиёти Хайёмро чоп хоҳад кард.                 То имрӯз нашриёти "Матбуот" ба маблағи 260 ҳазор сомонӣ адабиёти гуногунро аз чоп баровард, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта се маротиба зиёд мебошад.

Апрель 3, 2009 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад