ҶИНОЯТКОРӢ КАМ МЕШАВАД

Апрель 22, 2009 08:08

                    Хуҷанд, 22 апрел. (АМИТ «Ховар», Санавбар Мақсудова). — Аз дафтари матбуоти прокуратураи вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки дар давоми се моҳи аввали соли 2009 дар вилоят 822 ҷиноят ба қайд гирифта шуд. Ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 37 ҷиноят кам аст. То имрӯз 87,4 фоизи тамоми ҷиноятҳои содиршуда фош карда шуданд.                    Дар ин давра содир гардидани ҷиноятҳои вазнин аз қабили куштор, сӯиқасд ба ҷони дигарон, ғоратгарӣ, аз худ кардани моликияти дигарон ва ғайра хеле кам шуд. Дар баробари ин теъдоди баъзе ҷиноятҳо, аз ҷумла, дидаю дониста маҷрӯҳ кардани одамон, расондани зарари ҷисмонӣ, таҷовуз ба номус, ғайриқонунӣ нигоҳ доштану истифода бурдани аслиҳаи оташфишон ва қаллобӣ зиёд гардид. Кормандони мақомоти муҳофизи қонун дар ин давра аз аҳолӣ 124 мил аслиҳаи оташфишонро мусодира карда, 75 кӯшиши хариду фурӯши ғайриқонунии маводи нашъадорро барбод доданд.

Апрель 22, 2009 08:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад