14 НАФАР АЗ ВАЗИФА САБУКДӮШ ШУДАНД
Душанбе, 24 апрел. (АМИТ «Ховар», Анварбек Сиддиқов).-«Кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли 2009 дар вазорату идораҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, субъектҳои хоҷагидории давлатӣ ва дигар ташкилотҳои буҷетӣ 255 тафтишу санҷишҳои молиявӣ гузаронида, 13,9 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор карданд», — гуфт зимни нишасти матбуотӣ 24 апрел, директори Агентии мазкур Салимзода Шерхони Одина. Ӯ афзуд, ки аз маблағи умумии зарар, камомад ва азхудкунии маблағҳо ва ашёҳои арзишнок 2,6 миллион сомонӣ, талафи воситаҳои пулию молӣ 8,1 миллион сомонӣ, хароҷотҳои ғайриқонунии пулию молӣ 1,3 миллион сомонӣ ва маблағи кам ҳисобгардида ва руйпӯш намудаи андозҳо 1,7 миллион сомониро ташкил медиҳанд. Инчунин, дар рафти тафтишу санҷишҳо аз ҳисоби зарари расонидашуда 6,8 миллион сомонӣ барқарор карда шуд, ки он ба 48,6 фоизи зарари ошкоргардида баробар мебошад. Назар ба ҷамъбасти соли 2008 барқароркунии зарар қариб 14 фоиз зиёд гардидааст. Аз ин маблағ 2,6 миллион сомонӣ ба буҷети давлат ва 4,2 миллион сомонӣ ба корхонаву муассисаҳои давлатӣ барқарор карда шуд. Дар баробари зарари молиявии барқароркардашуда, дар натиҷаи чораҷӯии мутахассисони Агентӣ аз ҳисоби бақияпулиҳои андоз ба буҷет 1,2 млн. сомонй ворид карда шуд. Инчунин дар ҳисоботҳои корхонаю муассисаҳои давлатии ҷумҳурй зиёдомади воситаҳои пулӣ ва молу маводҳои арзишдор ба маблағи 1,2 миллион сомонӣ ба даромад гирифта шуданд. «Натиҷаи тафтишу санҷишҳои молиявӣ дар вазорату идораҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва корхонаву муассисаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифта, муҳокимаи пешниҳодҳои ирсолгардида бо иштироки кормандони Агентӣ сурат гирифтанд. Дар натиҷа 403 нафар шахсони масъул барои камбудиҳои содиркардаашон ҷазои интизомӣ ва моддӣ гирифта, 14 нафари онҳо аз вазифаашон сабукдӯш шуданд», — тазаккур дод Салимзода Шерхони Одина. Мавриди зикр аст, ки дар ин муддат аз ҷониби сохторҳои Агентӣ 175 ҷиноятҳои коррупсионй ва иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ошкор шудааст, ки аз ҷумлаи онҳо 68-тоашро ҷиноятҳои дуздӣ бо роҳи азхудкунӣ, исрофкорӣ ва қаллобӣ, 32 адад ҷиноятҳои вобаста ба порахурӣ ва ришваситонӣ ташкил медиҳанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар






