22 АПРЕЛ РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАМИН — МОДАР ЭЪЛОН ШУД

Апрель 23, 2009 16:41

             Душанбе, 23 апрел. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова ). — Маҷмаи Кулли СММ қарорро дар бораи Рӯзи байналмилалии Замин — Модар эълон кардани 22 апрел якдилона маъқул донист. Дар қарор гуфта мешавад, ки барои ноил гардидан ба тавозуни одилонаи талаботу эҳтиёҷоти иқтисодию иҷтимоӣ ва экологии наслҳои имрӯзаю оянда ба ҳамоҳангии вазъи мӯътадили табиат ва сайёраи Замин мусоидат кардан зарур аст.               Бинобар ин Маҷмаи Кулли СММ ҳамаи давлатҳои аъзои худ, созмонҳои байналхалқию минтақавӣ, шаҳрвандӣ ва ғайриҳукуматиро даъват менамояд, ки ҳар сол Рӯзи байналмилалии Замин — Модарро ботантана таҷлил намуда, дар масъалаҳои ҳифзи муҳити зист, табиат ва сабзу хуррам гардондани мамлакатҳояшон тадбирҳои самарабахш андешанд.               Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки қарори мазкур бо ташаббуси Боливия ва дастгирии бештар аз 50 давлати аъзои СММ қабул карда шуд.

Апрель 23, 2009 16:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид