300 ГЕКТАР ЗАМИН БА КОР МЕДАРОЯД
Бадахшон, 17 апрел. (АМИТ «Ховар», Лутфишо Додо).- Бо мақсади таъмини амнияти озуқаворӣ, ҳар чӣ бештар истеҳсол намудани маҳсулоти кишоварзӣ мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят чораҳои амалӣ меандешанд. Дар баробари бунёди корхонаҳои хурди кишоварзӣ, равнақи асалпарварию боғдорӣ, чорводорию паррандапарварӣ ба зиёд намудани масоҳати замини кишт аҳамияти ҷиддӣ дода мешавад. Тавре сардори Раёсати хоҷагии оби вилоят Баҳодур Сулаймонов иттилоъ дод, таи соли охир дар навоҳии Дарвоз, Ванҷ ва Ишкошим вазъи мелиоративии 240 гектар заминҳои обёришаванда беҳтар гардид. Тибқи супоришоти сарварони ҷумҳурӣ дар 2 соли охир бояд беш аз 500 гектар заминҳои нав аз худ карда шавад. Ба ин мақсад 770 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид. Тибқи нақша соли 2009 300 гектар замини нав мавриди истифода қарор дода мешавад. Ҳоло корҳои азхудкунии замин дар ноҳияи Роштқалъа ва обёрии чарогоҳҳои Мурғоб идома дорад.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






