400 НАФАР КОРГАРОН БО ҶОЙҲОИ КОРИ ДОИМӢ ТАЪМИН КАРДА МЕШАВАНД
Душанбе, 16 апрел. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). — Вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ зимни сафари корӣ аз корхонаҳои саноатии вилояти Суғд дидан кард. Мақсад аз сафари фавқулзикр ба ин вилоят ташкил намудани ҷойҳои нави корӣ ва бо ҷои кори доимӣ таъмин намудани коргарон ва аҳолии ноҳияҳои вилояти Суғд мебошад. Гул Шералӣ иброз дошт, ки баъди ба итмом расидани сохтмони хатти баландшиддати 500 кВ ҷанубу-шимол вазъияти таъминоти барқ, барои корхонаҳои саноатии вилоят беҳтар мегардад. Бояд қайд намуд, ки корпоратсияи «Олими Каримзод» баъди сохта ба истифода додани корхонаи ресандагӣ дар ноҳияи Мастчоҳ, бо иқтидори коркарди 5 ҳазор тонна нахи пахта ба фаъолият шурӯъ намуд. Дар сурати пурра ба истифода додани корхона 350 — 400 нафар коргарон бо ҷойҳои кории доимӣ таъмин карда мешаванд. Ҳамчунин дар фабрикаи бойгардонии «Адрасмон» то январи соли ҷорӣ шумораи кормандон 150 нафарро ташкил медод. Баъди пурра аз таъмиру таҷдид баромадани фабрика аз моҳи апрели соли ҷорӣ 500 нафар коргарон бо ҷои кори доимӣ таъмин шуданд. Ташкили чунин чорабиниҳо дар корхонаҳои саноатии вилоят ва ҷумҳурӣ, ки оянда боз дар назар аст, омили хубест баҳри пешгирӣ намудани бӯҳрони ҷаҳонии иқтисодию молиявӣ.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






