9 МАЙ ДАР ПОЙТАХТ РАСМИ ГУЗАШТИ НИЗОМӢ БАРГУЗОР МЕГАРДАД

Апрель 22, 2009 15:45

                 Душанбе, 22 апрел. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова). — Аз дафтари матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки ба шарафи 64 — солагии ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Боғи Ғалабаи пойтахт расми гузашти низомӣ баргузор хоҳад гашт. Дар он ҷузъу томҳои низомии Гарнизони Душанбе, Вазорати мудофиа, артиши марзбони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Гвардияи миллӣ, Артиши дохилӣ ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи шаҳрвандии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ иштирок менамоянд.                Айни ҳол интихоби ҷузъу томҳои беҳтарин барои иштирок дар расми гузашти низомӣ давом дорад. Расми гузашти низомӣ таҳти роҳбарии сардори Гарнизони Душанбе, генерал — майор Латиф Файзиев гузаронида мешавад.  

Апрель 22, 2009 15:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид