90 КОРХОНА БА КОР САР КАРД

Апрель 24, 2009 12:36

                    Душанбе, 23 апрел. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- Муовини аввали Вазири энергетика ва саноати ҶТ Пулод Муҳиддинов дирӯз дар ҷараёни нишасти матбуотии бахшида ба натиҷаҳои 3 моҳаи аввали соли равон хабар дод, ки аз аввали сол то имрӯз фаъолияти 90 корхона аз нав шурӯъ гардид. Ин корхонаҳо бо сабабҳои гуногун аз кор монда буданд.                  Пулод Муҳиддинов зикр намуд, ки дар ин давра дар фаъолияти вазорат ва муассисаҳои тобеи он ҳам дастовардҳои мусбат ва ҳам камбудию норасоиҳо мушоҳида карда шуд.                  То имрӯз дар мамлакат 775 корхонаи тобеи вазорат фаъолият дорад, аз ин ҷумла 195 корхона кор намекунад. Сабаби асосии он ба фурӯш нарафтани маҳсулоташон, нарасидани ашёи хом, нархҳои гарон ва ғайра мебошад.                  Бояд гуфт, ки баъзеи ин корхонаҳо ба таври мавсимӣ кор мекунанд.                  Муовини вазир хабар дод, ки аз аввали сол то имрӯз, дар ҷумҳурӣ ба маблағи 1 миллиарду 218 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шуд. Корхонаҳои тобеи вазорат дар ин муддат ба маблағи 290 миллион сомонӣ хизматҳои пулакӣ расонданд, ки нисбат ба давраи соли гузашта 27 миллион сомонӣ зиёд аст.

Апрель 24, 2009 12:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар