АҲОЛИИ САЙЁРАИ ЗАМИН ПИР МЕШАВАД
Душанбе, 28 апрел. (АМИТ «Ховар», Олег Соболев). — Коршиносони Созмони Милали Муттаҳид пешгӯӣ мекунанд, ки аз соли 2010 сар карда давраи пиршавии аҳолии сайёраи Замин оғоз меёбад ва он то соли 2050 давом хоҳад кард. Ба қавли онҳо дар ин давра шумораи одамони солхӯрда ва қуҳансол дар байни аҳолӣ зиёд мегардад. Ин сабаби ба миён омадани проблемаҳои ҷиддии сиёсӣ ва иҷтимоӣ хоҳад гашт. Мухбири АМИТ «Ховар» зикр мекунад, ки ин зуҳурот ба Тоҷикистон ба таври ҷиддӣ дахл намекунад. Зеро айни ҳол 42 фоизи аҳолии мамлакатро бачагону наврасони то 15 — сола ташкил медиҳанд ва танҳо 5 фоизи аҳолӣ аз 65 — сола боло мебошад. Аз рӯи маълумоти СММ, соли 2000 дар тамоми мамлакатҳои ҷаҳон 600 миллион нафар одами 60 — сола зиндагӣ мекард. Пешгӯӣ карда мешавад, ки шумораи онҳо соли 2050 ба ду миллиард нафар мерасад. Солҳои охир дар бисёр мамлакатҳои ҷаҳон шумораи одамоне меафзояд, ки синнашон аз 80 — сола боло мебошад. Ин чунин маъно дорад, ки тӯли солҳои оянда як гурӯҳи томи одамони солхӯрда ва куҳансол аз неъматҳои моддӣ маҳрум гардида, теъдоди одамони камбизоату қашшоқро афзунтар мегардонанд. Аз ин рӯ сиёсати давлати Тоҷикистон ба беҳтар сохтани шароити зиндагии гурӯҳҳои камбизоати аҳолӣ ва хусусан одамони солхӯрдаю куҳансол, нафақахӯрон ва маъюбон равона карда шудааст. Нафақа ва ёрдампулиҳои онҳо ҳар сол зиёд карда ва шароити зиндагӣ дар хонаҳои мӯйсафедон беҳтар гардонда мешавад. Президенти Тоҷикистон Э.Раҳмон соли 2007 дар мамлакат Фонди ҷамъиятии хайрия ташкил намуд. Таҷрибаи мамлакатҳои ҷаҳон нишон медиҳад, ки проблемаҳои иҷтимоии ҷомеа, хусусан таъминоти нафақаро танҳо бо қувваю имкониятҳои давлат ҳал кардан имконнопазир аст. Дар робита, вазорати адлияи Тоҷикистон соли 2006 Иттиҳоди ҷамъиятии «Маркази геронтологии Осиёи Марказӣ» — ро ба қайд гирифт. Иттиҳоди мазкур ҳамроҳи вазорату идораҳо, соҳибкорону тоҷирон, созмонҳои ғайриҳукуматӣ ва байналхалқӣ барои беҳтар сохтани шароити зиндагии одамони куҳансол ва ҳалли проблемаҳои зиндагии онҳо тадбирҳои судбахш меандешад. Тарҷумон — Қудратов А.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






