АҲВОЛУ ОСОРИ ИРОҚӢ ДАР ДУШАНБЕ НАШР ШУД

Апрель 2, 2009 10:49

                    Душанбе, 1 апрел. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-«Ҷустуҷӯ дар аҳвол ва осори Ироқӣ».Чунин ном гирифтааст китоби устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Бадриддин Мақсудов, ки онро нашриёти «Пайванд»-и Пажӯҳишгоҳи фарҳанги форсии Сафорати Эрон дар Душанбе бо теъдоди 500 нусха ба тозагӣ аз чоп баровард.                     Дар китоби мазкур адабиётшиноси тоҷик Бадриддин Мақсудов доир ба паҳлӯҳои гуногуни осор ва аҳволи Шайх Фахруддини Ироқӣ ибрози назар кардааст. Ин аввалин рисолаи ҷомеъ аст, ки ба таҳлилу баррасии илмии ҳамаи осори манзуму мансури Шайх Ироқӣ бахшида шудааст.                     Шайх Фахруддини Ироқӣ (1213-1289) аз зумраи шоирону нависандагони бузурги орифи қарни 13-и форсу тоҷик буда, бо фаъолияти пурсамари эҷодиаш дар рушду густариши адабиёти классикии форс-тоҷик нақши муассир гузоштааст.                     Китоб барои доираи васеи адабиётшиносон, донишҷӯён ва кулли хонандагон тавсия карда мешавад.

Апрель 2, 2009 10:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар