А.ЮЛДОШЕВ: «ТОҶИКИСТОН МАНФИАТҲОИ МИЛЛИИ ХУДРО ҲИМОЯ ХОҲАД КАРД

Апрель 20, 2009 11:51

                       Душанбе, 20 апрел. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — 28 апрел дар Алмаато мулоқоти сарони давлатҳои аъзои Бунёди байналмилалии наҷоти Арал баргузор мегардад. Дар ин бора муовини аввали вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Абдулло Юлдошев хабар дод. Вай зимни сӯҳбат бо хабарнигорон изҳор намуд, ки Тоҷикистон дар ҷараёни мулоқот бо назардошти мавқеи давлатҳои дар минтақаи поёноби дарёҳои минтақа ҷойгиршуда манфиатҳои миллии худро ҳимоя хоҳад кард.                       Зимни сӯҳбат сухан дар бораи масъалаи муқаррар намудани хати сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон ва Тоҷикистону Ӯзбекистон рафт.                      А.Юлдошев зикр намуд, ки то имрӯз бештар аз 660 километр хати саҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон муқаррар намуда, қонунӣ гардонда шуд. Вай изҳор намуд, ки дар сарҳади давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистон то имрӯз чор қитъаи баҳснок вуҷуд дорад. Барои муқаррар намудани хати сарҳади ҳар ду кишвар дар Тошканд аз 28 то 30 апрел даври навбатии гуфтушуниди намояндагони Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор мегардад.

Апрель 20, 2009 11:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст