АБДУЛЛО ГУЛ БА ТОҶИКИСТОН ТАШРИФ МЕОРАД
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири давлатии Ҷумҳурии Туркия Мустафо Саид Язиҷиоғлуро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ду кишвар дар партави сафари пешомади Президенти Туркия Абдулло Гул ба Тоҷикистон баррасӣ шуд. «Мо аз сатҳи муносибатҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Туркия ва рушди пайвастаи онҳо қаноатмандем», — изҳор дошт дар оғози сӯҳбат Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамзамон таъкид бар он дошт, ки натиҷаи робитаҳои иқтисодию тиҷоратии ду кишвар ба имкону захираҳои мавҷуда мувофиқат намекунанд. Ҳамчунин изҳори боварӣ карда шуд, ки сафари пешомади Президенти Туркия Абдулло Гул ба Тоҷикистон таконбахши ҳамкориҳои мутақобилан судманди ду кишвар хоҳад шуд. Ҷоннок намудани фаъолияти Комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ ва Шӯрои соҳибкории ду кишвар зарур шумурда шуд. Таъкид гардид, ки таҳкиму густариши ҳамкориҳо дар бунёди иншооти гидроэнергетикӣ, роҳҳои оҳану мошингард, корхонаҳои муштараки саноатӣ ва муассисаҳои тиҷоратию хизматрасонӣ ва рушди туризм дар Тоҷикистон барои ҳарду ҷониб судовар хоҳанд буд. Гуфтугӯйи судманд ҳамчунин атрофи имконоти рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои маориф, илму фарҳанг ва дигар масоили мавриди таваҷҷӯҳи тарафҳо сурат гирифт. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






