АФЗОИШИ ИСТЕҲСОЛИ БАРҚ ДАР БАДАХШОН
Бадахшон, 3 апрел. (АМИТ «Ховар», Лутфишо Додо).- Солҳои охир Ҳукумати Ҷумҳурӣ ба истеҳсоли нерӯи барқ дар ВМКБ эътибори ҷиддӣ медиҳад. Тавре аз идораи Ширкати барқи Помир иттилоъ доданд, соли ҷорӣ агрегати дуюми нерӯгоҳ, ки бар асари садамаи моҳи феврали соли 2007 комилан аз фаъолият боз монда буд, барқарор карда мешавад. Бо ҳамин шаҳри Хоруғ, навоҳии Шуғнон, Рӯшон, Роштқалъа ва Ишкошим дар як шабонарӯз 24 соат бо барқ таъмин карда мешаванд. Зиёда аз 30 нерӯҳҳои хурди барқӣ, ки бо маблағи Бунёди Оғохон ва Созмонҳои дигари ҷаҳонӣ сохта шудаанд, ба ихтиёри Ширкати барқии Помир шомил гардиданд. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурӣ солҳои 2009-2012 4 нерӯгоҳ, то соли 2015 2 нерӯгоҳ ва то соли 2020 боз 9 нерӯгоҳҳои дигар бунёд мегарданд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






