АФЗОИШИ САРМОЯИ ТАШКИЛОТҲОИ ҚАРЗДИҲӢ
Душанбе, 10 апрел. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Сармояи тавозунии ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ — бонкҳо, ҷамъиятҳои қарзӣ, ташкилотҳои молиявии ғайрибонкӣ ва ташкилотҳои маблағгузории хурд дар давраи семоҳаи аввали соли ҷорӣ 1 089 миллион сомониро ташкил дод, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 42,3 фоиз зиёд аст. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд. Аз ҷумла, сармояи тавозунии бонкҳо ва ҷамъиятҳои қарзӣ ба 972 миллион сомонӣ, ташкилоти молиявии ғайрибонкӣ ба 5 миллион сомонӣ ва сармояи ташкилотҳои маблағгузории хурд ба 112 миллион сомонӣ баробар шуд. Бояд тазаккур дод, ки яке аз омилҳои зиёдшавии сармояи ташкилотҳои қарзӣ ин ҷалби маблағҳои нав ба сармояи оинномавӣ мебошад.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






