«АГРОИНВЕСТБОНК» ДАР КӮЛОБ ҲАҶМИ ҚАРЗҲОИ БОВАРИНОКРО МЕАФЗОЯД
Душанбе, 23 апрел. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар минтақаи Кӯлоб аз оғози соли ҷорӣ ҶСК «Агроинвестбонк» дар посух ба пешниҳоди сарвари давлат оид ба содда кардани низоми қарздиҳӣ ба шаҳрвандон 78 ҳазор сомонӣ қарз ҷудо кард. Аз бонки мазкур ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, гурӯҳи иборат аз 6-12 нафар метавонад ҷиҳати роҳандозӣ ва рушди як намуди фаъолияте муттаҳид гардида, аз бонк қарз гирад. Шарти асосии пешниҳоди ин намуди қарз якдигарро хуб донистани аъзои гурӯҳ ва кафил будани онҳо ба якдигар барои қарз аст. Таҳти кафолати гурӯҳӣ бонк маротибаи аввал ба маблағи то 1 000 сомонӣ қарз дода мешавад. Соли гузашта чунин тарзи пешниҳоди қарз дар 16 гурӯҳ — иборат аз 178 нафар дар ноҳияҳои Ҳамадонӣ ва Кӯлоб санҷида шуда, бобати саривақт баргардонидани қарзҳо ҳеҷ мушкилоте пеш наомадааст.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






