АМАЛИЁТИ ТЕРРОРИСТӢ ДАР БАҒДОД
Бағдод, 30 апрел. (АМИТ «Ховар» — РБК). — Дар яке аз маҳаллҳои шианишини пойтахти Ироқ — шаҳри Бағдод дирӯз силсилаи таркишҳои шадид рух доданд. Дар ин ҷо якбора якчанд мошини сабукрави муҷаҳҳаз бо маводи тарканда тарконда шуд. Дар натиҷаи ин таркишҳо камаш 41 нафар ҳалок ва зиёда аз 70 нафар маҷрӯҳ шуд. Кормандони политсия хабар доданд, ки таркишҳо дар маҳалҳои серодами шаҳр, дар наздикии бозор ба амал омаданд. Вақтҳои охир миқдори амалиёти террористӣ дар Ироқ меафзояд. Чанд рӯз пеш ду нафар террористи фидоӣ худро паи ҳам дар даромадгоҳи масҷиди имом Мӯсо Алқозимӣ тарконд. Бар асари ин амалиёт 60 кас кушта шуд.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст






