АРЗИШҲОИ ИСЛОМӢ АЗ ДИДГОҲИ НАВИНИ МЕТОДОЛОГӢ
Душанбе, 17 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Нашриёти «Ирфон» китоберо бо номи «Педагогикаи ислом» зери назари доктори илмҳои педагогӣ, профессор Хайруллоҳ Афзалов ба тозагӣ аз чоп баровард. Муаллифи китоби мазкур профессор Сафар Сулаймонӣ буда, кӯшиш намудааст, ки масъалаи педагокикаи ислом ва мақоми онро дар бунёди илмҳои тарбиявӣ дар мисоли Эрон дар ин китоб баррасӣ намояд.Дар китоб таҳлилу баррасии арзишҳои исломӣ аз дидгоҳи навини методологӣ зикр шудааст ва имкон медиҳад, ки дастовардҳои назарияи таълиму тарбия ба таври мушаххас арзёбӣ гардад. Китоб бо ташаббуси Вазорати маорифи ҷумҳурӣ, Академия ва Пажӯҳишгоҳи илмҳои педагогии Тоҷикистон ва Ройзании Сафорати Эрон дар Душанбе бо теъдоди 500 адад бо забони тоҷикӣ нашр шудааст. Докторҳои илмҳои педагогӣ, фалсафа ва филологӣ Маҳмадуллоҳ Лутфуллоев, Каримҷон Қодиров ва Умриниссо Казакова муқарризони китобанд. Китоб барои доираи васеи муҳаққиқону пажӯҳишгарон, муаллимон, донишмандону мутахассисони соҳаи педагогика тавсия шудааст.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






