АШЁИ ХОМИ ЛАМПАҲОИ КАММАСРАФ ДАР ХУДИ ТОҶИКИСТОН ФАРОВОН АСТ

Апрель 29, 2009 17:00

                          Суғд, 29 апрел. (АМИТ «Ховар», Мирзалӣ Амонов, Самад Юсуфӣ).-Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов реги кварсӣ-ашёи хоми асосӣ барои истеҳсоли лампаҳои сафед мавҷуд аст. Бино ба гуфтаи мутахассисон реги кварсӣ барои лампаҳои люминистентӣ ашёи хом ба ҳисоб рафта, кони он дар ҳудуди Тоҷикистон дар мавзеи Қӯрғончаи ноҳияи Ҷаббор Расулов вокеъ аст. Геологхо аниқ карданд,ки дар ин кон тақрибан 40 миллион тонна реги кварсӣ мавчуд аст.                Реги кварcӣ дар ҶС «Комбинати бойгардонии Пролетар» коркард мешавад. Директори корхона Абдусами Аҳмадов иттилоъ дод, ки алҳол қуми кварсии коркард шуда ба давлатҳои ҳамсоя Кирғизистону Узбекистон содир карда мешавад. Агар истеҳсоли лампаҳоро дар дохили кишвар ба роҳ монем арзиши аслии он арзон хоҳад шуд. 70-75 фоизи таркиби лампаҳои люминистентиро реги кварсӣ ташкил медихад. Таркиб ва сифати реги кварсӣ дар лабораторияи корхона аз озмоиш мегузарад.

Апрель 29, 2009 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид