АСПИ АРБОБМИРЗО ШАМСИЕВ
Душанбе, 14 апрел. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). — Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурӣ дар Тоҷикистон «Барномаи рушди асппарварӣ» қабул гардид. Бояд тазаккур дод, ки соли 1956 нақшаи илмии ба вуҷуд овардани зоти аспи тоҷикӣ аз тарафи пажӯҳишгоҳи асппарварии умумииттифоқ тарҳрезӣ карда шуд. Ба вуҷуд овардани ин зот таҳти роҳбарии Николай Манин қарор ёфт. Зоти мазкур солҳои 1980 — 2000 — ум бо шаҷараҳои генеалогӣ ба вуҷуд оварда шуд. Бо супориши Ҳукумати ҷумҳурӣ, Вазорати кишоварзӣ, Академияи улуми кишоварзӣ ва Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба тасдиқи байналхалқӣ пешниҳод карда шуд, ки олимони шинохтаи Россия, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Украина ширкат варзида бо як овоз онро тасдиқ ва қабул карданд. Муаллифони ин зот дотсенти Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон Н. Манин (баъди вафот) ва доктори илмҳои кишоварзӣ А. Шамсиев шинохта шуданд. Зоти мазкур дар қисмати марказӣ ва ҷанубии ҶТ парвариш ёфта, саршумораш ба 30 ҳазор мерасад. Ин зотҳо дар хоҷагиҳои заводи асппарварии «Кӯктош» — и ноҳияи Рӯдакӣ, хоҷагии деҳқонии «Дошмандӣ» — и ноҳияи Файзобод, «Баракат» — и ноҳияи Ҳисор, «Кангурт» — и ноҳияи Темурмалик, «Данғара» — и ноҳияи Данғара, «Чорводор» — и ноҳияи Вахш, ба номи Меликмуродови ноҳияи Шаҳринав ва ғайра мавриди парвариш қарор доранд, иброз дошт мудири кафедраи зотпарварӣ ва генетикаи ҳайвоноти хоҷагии қишлоқ, доктори илмҳои кишоварзӣ Арбобмирзо Шамсиев.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






