БҶ БА ТОҶИКИСТОН 20 МИЛЛИОН ДОЛЛАР КӮМАК МЕКУНАД
Душанбе, 22 апрел. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — 21 апрел дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими имзои созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба маблағгузории Барномаи сеюми грантӣ ҷиҳати таҳияи тадбирҳои марбут ба сиёсат баргузор гардид. Созишномаи мазкурро вазири молияи Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмиддинов ва иҷрокунандаи муваққатии вазифаи намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Саодат Бозорова ба имзо расониданд. Аз котиботи Вазорати молия ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки тибқи ин созишнома Бонки ҷаҳонӣ барои Тоҷикистон 20 миллион доллари ИМА барои амалисозии Барномаи сеюми грантӣ ҷиҳати таҳияи тадбирҳои марбут ба сиёсат ҷудо менамояд. Ин маблағ бояд барои идомаи ислоҳот ва мубориза бо камбизоатӣ масраф шавад. Гуфтанист, ки ин бахши севвум аз кӯмак ба Тоҷикистон буд, ки он дар ибтидо 10 миллион доллар буд, вале бо дархости ҷониби Тоҷикистон Бонки ҷаҳонӣ дар ниҳоят ҳаҷми кӯмакҳояшро то ба 20 миллион доллар боло бурд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






