БӮҲРОНИ МОЛИЯВӢ БА ИҶРО НАГАРДИДАНИ БУҶЕТ ТАЪСИР РАСОНД
Душанбе, 15 апрел. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар семоҳаи якум иҷроиши нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ба андозаи 92,6 фоиз таъмин гардида, нисбат ба нақшаи пешбинишуда 10,8 миллион сомонӣ кам ва бо вуҷуди ин, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 42,7 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Дар Вазорати молияи ҷумҳурӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфтанд, ки аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ба буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 3 миллион сомонӣ ё 100 фоиз маблағҳои мақсаднок барои пардохти нафақа, маблағгузорӣ карда шуд. Нақшаи даромадҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ба андозаи 74,8 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 493,0 миллион сомонӣ ворид гардид, ки ин нисбат ба нақша 166,4 миллион сомонӣ кам аст. Бояд қайд кард, ки дар давраи ҳисоботӣ нақшаи воридоти баъзе намуди андозҳо таъмин нагардида, аз ҳисоби ин манбаъҳои даромад ба буҷет зиёда аз 166,4 миллион сомонӣ ворид нагардид. Аз ҷумла, танҳо аз ҳисоби фурӯши алюминий тибқи нақшаи пешбинишуда 80 миллион сомонӣ ворид нагардид, ки ин бевосита таъсири бӯҳрони моливии ҷаҳонӣ мебошад. Хароҷоти Буҷети давлатӣ дар семоҳаи якум мувофиқ ба иҷроиши даромади он ба андозаи зиёда аз 80 фоиз таъмин гардид.Бо вуҷуди ин, дар ин давра пардохти музди меҳнат, нафақа, стипендия, ҷубронпулӣ ва кӯмакпулиҳо, хизматрасониҳои коммуналӣ дар мадди аввал маблағгузорӣ карда шуда, пурра таъмин гардиданд. Инчунин, маблағгузории иншооти афзалиятноки муҳими давлатӣ бо дарназардошти воқеияти захираҳои молиявӣ амалӣ гардиданд.








Дар Варзоб Конфренсияи илмӣ-амалии «Ваҳдати миллӣ – шукуфоии Ватан мебошад» баргузор шуд
Дар дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш баргузор гардид
Суратгузориш аз ҷараёни баргузории Намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзии вилояти Хатлон дар Қазоқистон
Дар Вазорати энергетика ва захираҳои об қабули Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳро дастоварди навбатии Тоҷикистон арзёбӣ намуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОГОҲӢ! Аз 27 то 30 июн дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани селҳои хусусияти маҳаллидошта пешгӯӣ мешавад
Дар КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва қабули ташаббуси нави ҷаҳонии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Дар Рашт дар мавзуи «Ваҳдати миллӣ – асоси таҳкими давлатдории тоҷикон» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Бохтар бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ баргузор гардид
Дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 2-и шаҳри Норак бинои иловагӣ сохта мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






