БА ҚОНУНИ ҶТ «ДАР БОРАИ МАОРИФ» ТАҒЙИРОТ ВОРИД ШУД
Душанбе, 6 апрел. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). — Раиси Кумитаи илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Додихудо Саймуддинов ба АМИТ «Ховар» хабар дод, ки дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ дар иртибот ва танзими истифодаи телефонҳои мобилӣ дар муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон се лоиҳаи қонун: «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни ҶТ «Дар бораи маориф», «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни ҶТ « Дар бораи таҳсили касбӣ», «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни ҶТ «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаҳои олии таълимӣ» пешниҳод гардида мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Бо ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни ҶТ «Дар бораи маориф» дар ҳамаи мактабҳои олии мамлакат новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқии онҳо, истифодаи телефон аз ҷониби донишҷӯён ва омӯзгорон дар давоми машғулиятҳо комилан манъ карда мешавад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






