БАҲОИ БОНКИ РУШДИ ОСИЁ БА АФЗОИШИ МАҲСУЛОТ

Апрель 3, 2009 14:11

                    Душанбе, 3 март. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Афзоиши Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ дар Тоҷикистон дар соли 2009 ҳамагӣ 3 фоиз зиёд мешавад, омадааст дар гузориши солонаи Бонки Рушди Осиё. Ин нишондод миёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил пасттарин нишондод маҳсуб меёбад.                     Сабаби пастравии иқтисодиёти Тоҷикистон бо ду омил; якум, як баробар кам шудани интиқоли маблағҳои муҳоҷирони меҳнатӣ аз хориҷи кишвар ва дуюм ба коҳиши нархи пахта ва алюминӣ дар бозори ҷаҳонӣ дониста мешавад, омадааст дар гузориши солонаи Бонки Рушди Осиё.                    Тибқи гузориши мазкур, нишондодҳои иқтисодиёти Тоҷикистон дар соли 2010 беш аз 4 фоиз зиёд нахоҳад шуд.                     Ин пешгӯиҳо ҳушдор доданианд, ки корхонаҳо роҳи беҳтари афзоиши маҳсулотро пайдо намуда, истеҳсоли онро дар ду-се баст ташкил ва зиёд намоянд, то Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ дар соли 2009 ва 2010 на 4 фоиз, чунон ки дар гузориши Бонки Рушди Осиё омадааст, балки 40-50 фоиз афзоиш ёбад.

Апрель 3, 2009 14:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид