БА МУҲОҶИРОНИ МЕҲНАТӢ САБУКИҲО ДОДА МЕШАВАД
Кӯлоб, 18 апрел. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов). — Ҳукумати ноҳияи Темурмалик тасмим дорад, то муҳоҷирони меҳнатии бар асари бӯҳрони иқтисодӣ аз Русия барагаштаро бо имтиёзи бештар бо замини кишт таъмин намояд. Тавре раиси ноҳияи мазкур Малика Шукурова, иттилоъ дод, ба хотири беҳбуди зиндагӣ, то як муддати муайян ба муҳоҷирони собиқ барои дастрас намудани замин сабукиҳо дода хоҳад шуд. Дар ҳамин маврид Нурмуҳаммад Муъминов, сардори агентии ҳифзи иҷтимоӣ ва шуғли аҳолии ноҳияи Темурмалик зикр дошт, ки аз ноҳия беш аз ҳазор нафар расман дар муҳоҷирати меҳнатӣ буд, ки ҳоло 600-700 нафари онҳо баргаштаанд. Таҳрири Жасмин Назарова








Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






