БА ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ОРДЕНИ КУМИТАИ ОЛИМПИИ ОСИЁ СУПОРИДА МЕШАВАД

Апрель 7, 2009 10:52

                 Душанбе, 7 апрел. (АМИТ «Ховар», Темур Бандишоев, Пайрав Назаров). — Раиси Кумитаи Олимпии Осиё Аҳмад Алфаҳд Ассабоҳ баъди чошти имрӯз ба Душанбе ташриф меорад. Вай ҳамин рӯз бо раиси Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, муовини раиси Кумитаи миллии Олимпии Тоҷикистон Маликшо Неъматов мулоқот хоҳад кард. Пагоҳ, 8 апрел меҳмони баландпоя ба ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Кумитаи миллии Олимпии мамлакат Эмомалӣ Раҳмон қабул карда мешавад.                 Дар ҷараёни сӯҳбат масъалаҳои равнақу ривоҷи минбаъдаи ҳамкории Тоҷикистон бо Кумитаи Олимпии Осиё баррасӣ карда мешаванд. Тибқи қарори қабулшуда, дар фарҷоми мулоқот ба Эмомалӣ Раҳмон Ордени Кумитаи Олимпии Осиё барои саҳми калонаш дар пешрафти ҳаракати олимпӣ дар қитъа супорида хоҳад шуд. Аз Кумитаи миллии Олимпии ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки ҳамроҳи раиси Кумитаи Олимпии Осиё намояндагони бунёди рушди Кувайт ва Кумитаи сармоягузории Кувайт ба Душанбе меоянд. Онҳо дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон бо ҳамкасбонашон мулоқот анҷом хоҳанд дод.

Апрель 7, 2009 10:52

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд