БАХШИ ДУЮМИ ЛОИҲА АМАЛӢ МЕГАРДАД

Апрель 7, 2009 09:39

               Душанбе, 7 апрел. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бахши дуюми лоиҳаи дафтари озуқа ва кишоварзии СММ, ки ба соҳаи чорводорӣ бахшида шудааст, аз моҳи марти соли 2009 оғоз гардид. Он ба тақсими ройгони тухмии юнучқа ба андозаи 1,8 килограмм ва нуриҳои минералӣ, аз ҷумла 30 килограмм суперфосфат, 10 килограмм карбомид ва 10 килограмм хлориди калий ба 7 ҳазор оилаи кишоварзони ноҳияҳои Роғун, Нуробод, Тавилдара ва Сағирдашти ноҳияи Дарвози ВМКБ пешбинӣ гардидааст. Дар ин самт аллакай корҳо оғоз шудаанд. Бояд тазаккур дод, ки маблағи умумии лоиҳаи якум аз «Таъмини фаврии амнияти озуқаворӣ ва ворид намудани тухмиҳо», ки аз 5 миллион доллари арикоӣ иборат буд аз ҷониби дафтари озуқа ва кишоварзии СММ тирамоҳи соли 2008 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардид.               Тибқи ин лоиҳа, ба миқдори 1265 тонна гандум ва 2102 тонна нуриҳои минералӣ ба 71 ҳазору 449 оилаи камбизоати вилояти Хатлон тақсим гардидааст.

Апрель 7, 2009 09:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад