«БАРҚИ ТОҶИК» БА КАМШАВИИ ТАЛАФОТ НОИЛ ГАШТ

Апрель 28, 2009 11:49

                 Душанбе, 28 апрел. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). — Дар ШСХК «Барқи Тоҷик» Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони васоити ахбори оммавӣ нишасти матбуотӣ баргузор гардид.Дар нишасти мазкур муовини раиси ШСХК «Барқи Тоҷик» Нурмуҳаммад Холназаров иттилоъ дод, ки семоҳаи аввали соли ҷорӣ нерӯгоҳҳои барқии тобеи ширкат 2 млрд. 440 млн. кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол намудааст. Аз ин миқдор 2 млрд. 228 млн. кВт/соат аз ҳисоби НБО ва 152,8 млн. кВт/соат аз ҳисоби МБГ мебошад.                  Бояд қайд намуд, ки дар семоҳаи аввали соли 2008 воридоти нерӯи барқ аз ҷумҳуриҳои ҳамсоя 979,2 млн. кВт буд. Дар соли 2009 бо сабаби дер имзо шудани шартномаҳои байнидавлатӣ ин миқдор кам шуд. Ҳамагӣ 596,285 млн. кВт/соат нерӯи барқ ворид гардид, аз ҷумла, аз Туркманистон — 334,6 млн. кВт/соат, Ӯзбекистон — 165,5 млн. кВт/соат, Қазоқистон — 88,345 млн. кВт/соат ва Қирғизистон — 7,7 млн. кВт/соат. Дар маҷлиси ҷамъбастии солонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон барои сарфаву сариштакорона истифода бурдани нерӯи барқ ва аз вазъияти бӯҳронӣ баровардани ширкати «Барқи Тоҷик» дар назди роҳбарияти он вазифаҳои муайян гузошт. Ширкат барои ҷамъоварии пурраи маблағ ва кам кардани талафоти технологӣ як қатор чорабиниҳо тартиб дода зермақомотҳои худро нисбати иҷрои он вазифадор намуд.                  Талафоти технологии нерӯи барқ дар ин давра 473,488 млн. кВт/соат, ё ки 11,87% — ро ташкил намуд, ки нисбат ба ин давраи соли 2008, 169,7 млн. кВт кам аст.                 Инчунин назорати талафоти нерӯи барқ дар шабакаҳо аз зеристгоҳҳои асосӣ то муштариён минбаъд дуруст ба ҳисоб гирифта мешавад. Барои пурра ва дақиқ ба ҳисоб гирифтани нерӯи барқ дар шаҳри Душанбе дар федерҳои асосӣ ҳисобкунакҳои барқии нави электронӣ васл мегарданд. Ҳисобкунакҳои барқии муштариён ба тариқи ройгон аз тарафи васлгарони Ширкати «Барқи Тоҷик» иваз карда мешаванд. Дар натиҷаи ин чорабиниҳо талафоти нерӯи барқ аз 10,6% -и нақша ба 9,53% кам шуд. Талафот дар хатҳои магистралии 220-500 кВ аз 4,4% — и нақша ба 4,2 фаромад.                   Мувофиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ШСХК «Барқи Тоҷик» МБГ — и Ёвон ва ШБ — и Ёвонро дар аввали сол аз КВД «Талко» қабул намуд. Ҳоло нақша ва чорабинии ба мавсими тирамоҳ ва зимистон тайёр намудани онро тартиб дода истодааст.  

Апрель 28, 2009 11:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид